Дар бораи мо
Таърихи изофа : 5/22/2012 10:46:33 PM
Bookmark and Share              Balatarin
 Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

 Ҳамду сипос Худованди ҷаҳониёнрост ва дуруду салом бар Расули Худо (с) ва Олу Асҳобаш бод!

Бародарон ва хоҳарони азиз!

Сайти «Суннӣ нюз», сайти хабарӣ, таҳлилӣ, даъавӣ ва минбарест озод барои андешамандон ва пажуҳишгарону озодандешон.

Бахши хабарии сайт талош дорад ахбори Аҳли суннати Тоҷикистон ва Афғонистону Ирон ва тамоми ҷаҳонро аз масдарҳои мувассақ дар хидмати шумо қарор диҳад.

Бахши таҳлил ва баррасии сайт, саъй мекунад он чиро, ки пушти пардаи ахбор нуҳуфтааст, бо таҳлили дақиқ ва баҳсу пажуҳиши илмӣ кашф карда, ба шумо тақдим кунад.

Ин сайт талошест барои озодии қалам дар муҳите, ки ё қаламҳо дар он шикаста мешаванд ва ё аҷир..

Мо бо шиор қарор додани садоқату амонатдорӣ дар нақли ахбор ва адолату ҳақгӯӣ дар таҳлилҳо ва мақолаҳо ва бо ҳимоят аз муборизаи озодихоҳони мусалмонони саросари ҷаҳон, барои боло бурдани сатҳи фикру бедории уммати исломӣ? саъй ва талош мекунем.

Мухтасаре аз аҳдофи сайти «Суннӣ нюз»:

·          Нашри фарҳанги исломӣ ва ақидаи тавҳид, дур аз ташаддуду ифрот ва тафрит.

·          Кушиш ба хотири густариши адолати иҷтимоӣ ва ваҳдати ҳақиқӣ байни мусалмонон.

·          Талош ба хотири таъмини ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоии Аҳли суннат.

·          Тарвиҷи ахлоқ ва арзишҳои волои исломӣ ва мубориза бо фасоди ахлоқӣ.

·          Кашф ва баёни фаъолиятҳо ва дасисаҳову ҷиноятҳои куффор ва муассисаҳои табширӣ ва фирқаҳои гумроҳкунанда дар кишварҳои исломӣ ва пардабардорӣ аз дасисаҳо ва ҷиноятҳо бар зидди Алҳи суннати Тоҷикистон ва Ирону Афғонистон ва соири  нуқоти ҷаҳон.

·          Нашри ахбори Аҳли суннат дар ҷаҳон  бо инсоф ва бетарафӣ.

·          Баёни мавзеи ҳақиқии Аҳли суннат дар қазияҳои уммати исломӣ.

·          Дифоъ аз ҳуқуқи Аҳли суннат ва мутолибаи бархурди одилона ва мунсифона бо онҳо.

·          Ошно сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ақалиятҳои Аҳли суннат  дар кишварҳои мухталиф ва мушкилоти онҳо.

·          Мубориза бо ашколи мухталифи табъиз; нажодӣ, қавмӣ ва минтақавӣ  ва мазҳабӣ.

·          Тақдими чеҳраи ҷадид аз расонаи исломии ҳадафманд.

Дар охир аз боргоҳи Аллоҳи мутаол, хошеона ва хозеона ва залилона илтиҷо  менамоем ва ба Асмо ва Сифоти Улёаш тавассул меҷӯем, ки ин амалро холисона ва барои ризои худ пазиро бошад ва ба тамоми ҳамкорони ин сайти муборак тавфиқи хидмат ба Ислом ва мусалмонон ва саодати дорайн насиб намояд.

Ва ёдовар мешавем, ки мақолаҳое, ки бо номи нависандагон дар сайт нашр мешаванд, хатман нуқтаназари мо ва баёнгари сиёсат ва аҳдофи сайт намебошад.

Шартҳои нашри мақолаҳо ва таҳлилҳо дар «Суннӣ нюз»:

·          Илтизоми комил ба қавонин ва аҳдофи сайт.

·          Илтизом ва пойбандӣ ба ахлоқи исломӣ ва ақадаи тавҳид.

·          Доман назадан ба табъизҳои забонию минтақавӣ ва сиёсию мазҳабӣ.

·          Адами таъарруз ба уламову шахсиятҳо ва созмонҳову ҳизбҳои исломӣ, магар дар қолаби интиқоди созанда ва ислоҳ.

·          Доман назадан ба ихтилофоти мазҳабию фиқҳӣ ва сиёсию салиқаҳои Аҳли суннат.

·          Адами истифода аз минбари сайт дар тасфияи ғаразҳои шахсӣ.

·          Ҳаққи нашри мақолот ва таҳлилоти нависандагони расмии сайт, барои сайт «Суннӣ нюз» маҳфуз аст ва нависанда ҳаққи нашри онро дар манобеъи дигар надорад, магар бо зикри манбаъ ва баъд аз гузашти ҳадди ақал се рӯз аз нашри мақола дар сайти «Суннӣ нюз».

·          Ҳаққи вароиши ахбор ва мақолоти ирсолӣ барои мудирони сайт маҳфуз аст.

Идораи иттилоърасонии «Суннӣ нюз»

Метавонед бо истифода аз имайли (tj@sunni-news.net) бо мо дар тамос бошед, ё аз форми бахши тамос бо мо (http://sunni-news.net/tj/call_us.aspx) истифода намоед.

www.sunni-news.net

Теъдоди боздид :
5820

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок