Шеваҳои дастгирӣ ва бозҷӯии мунтақидони ҳукумати Ирон тавассути бозҷӯёни Сипоҳи Посдорон
Таърихи изофа : 1/15/2015 11:59:57 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Ба гузориши Калима, Анҷумани ҳимоят аз ҷонбохтагон ва боздоштиҳо дар гузориши муфассал аз наҳваи дастгирӣ ва бозҷӯии мунтақидони ҳукумати Ирон ва дигарандешон тавассути воҳидҳои иттилоотии Сипоҳи Посдорони Ирон парда бардошт.

Дар қисмате аз ин гузориш омадааст, ки дар зиндонҳои Сипоҳи Посдорон як силсила кадрҳои тахассусӣ машғули кор ҳастанд, ки шомили горди ҳифозатӣ, бозҷӯҳо, шикандҷагорон ва пизишкону кадрҳои беҳдорӣ ҳастанд. Ин кадрҳои тахассусӣ ва омӯзишёфта дорои имконот ва адавоти комилан ҳирфаӣ буда, ки аксаран аз кишвари Чин ва ё дигар кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Ирон ва Сипоҳи Посдорон таҳия ва таъмин мешаванд.

Гузориши комили Анҷумани Ҳимоят аз Ҷонбохтагон дар бораи шеваҳи дастгирӣ ва бозҷӯии зиндониён тавассути бозҷӯёни Сипоҳи Посдорони Ирон бадин қарор аст:

Теъдоди зиндонҳои махфии Сипоҳ ҳамвора дар ҳоли афзоиш будааст,  ба тавре, ки дар вилояти Теҳрон беш аз 15 зиндон ва дар ҳар шаҳристон ва маркази вилоят беш аз 3 зиндони махфӣ ба шакли тақрибӣ мебошад.

Албатта Сипоҳи Постдорон аз ҳар гуна имконоте барои сохтан ва зиёд кардани чунин маконҳо истифода мекунад,  то битавонад мухолифини худро дар он зиндонӣ ва шиканҷа карда ва зери бозҷӯи қарор диҳад ва ҳатто ба шакли пинҳон ва махфиёна мавриди таҷовуз ва эъдом намояд.

Яке аз мавридҳое, ки Сипоҳи Посдорон дар он замина ба ҷиноёти ошкор пардохтааст, мабҳаси зиндон ва зиндонист, ки ин мақола мустақиман фаъолони сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, фарҳангӣ, донишҷӯӣ ва рӯзноманигоронро дар ҷамъи қурбониёни худ қарор додааст.

Сипоҳи Посдорон ба унвони як ниҳоди сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ дар кишвари Ирон ҳамвора дар арсаҳои мухталифе якатозӣ намуда ва бо таваҷҷуҳ ба сохтори он низ ҳеҷ ниҳод ва унгоне қодиру тавоно ба посух хостан аз ин ургон набуда ва нест. Сипоҳ дар ибтидои рӯзҳои шаклгирӣ ва пайдоишаш то ба имрӯз ҳамвора ба унвони як унсури саркубгар, шиканҷагар ва  терорист амал кардааст, ки доманаи ин навъ амалкарди Сипоҳ ба хориҷ аз марзҳои қонунии Ирон низ густариш ва домана пайдо кардааст ва камтар касест, ки ба ин амр воқиф набошад. Шиносоии аносир ё кашфи анборҳои силоҳи марбут ба Сипоҳи Посдорони Ирон дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ироқ, Лубнон, Сурия, Яман ва ғайра ба равшанӣ гӯёи густардагии амалкардҳои терористии ин ургон мебошад.

 

Бригадаи шиносоӣ ва пешгириҳои Сипоҳ

Сипоҳи Посдорон дар воҳидҳои ҳифозати иттилооти худ ургонеро мудирият мекунад, ки аъзои он ҳамвора бидуни ному нишон ва бо либосҳои шахсӣ дар ҳоли фаъолият ҳастанд. Ин афрод, ки бештар ба бригадаи шиносӣ ва пешгирӣ шуҳрат доранд, дар як густардаи васеъи иҷтимоӣ дар ҳоли фаъолият ҳастанд. Фаъолияти ин ургон аз Сипоҳ дар шакли машоғили гуногуни иҷтимоӣ аз ронандаи таксӣ ва кӯчаруб гирифта, то устодони донишгоҳӣ ва постҳои мудирияти идораҳо ва унгонҳо, шуъба ва шоха доранд. Афроди созмондиҳишуда дар ин бахш фоқиди ҳаргуна шаклу қиёфаи маъмул ва марсуми аъзои Сипоҳи Посдорон буда ва бар тибқи усули омӯзишӣ ва иҷроӣ шарҳи вазифаҳои ин қисмат аз Сипоҳ бояд афроди маҷмуаи зери он, дорои қиёфа ва шамоили пушиши ғайри машкук бошанд.

Истифода аз либосҳои маркаи хориҷӣ, сурати ислоҳкарда, истифода аз моделҳои рӯз ва типҳои ҷавонписанд низ яке аз тарфандҳои гуруҳи воҳиди шиносоӣ ҳифозати иттилооти Сипоҳи Посдорон аст.

 

Ҳадафи аслии ин гуруҳ

Ҳадафи асли ин воҳид, илова бар ҳузури ҳамаҷонибаи Сипоҳ дар байни ҷомеа, ҳамвора ҷамоварии таҳаррукоти иҷтимоӣ ва ҳар гуна ахбору рӯйдод дар сатҳи ҷомеа аст, ки ин ахбор ба шакли мудовим ба мақомоти аршади воҳиди марбутаи Сипоҳи  Посдорон дар тули 24 соати шабнарӯз мухобира мешавад.

Дар ин воҳид аз Сипоҳи Посдорон як шохаи комилан мустақил низ тарроҳӣ шудааст, ки ба шакли тахассусӣ масъули шиносоӣ ва контроли афроде ҳастанд, ки дар ҷомеа дорои ному расм ва ҷойгоҳи хос бошанд.

Ин воҳид илова бар анҷоми маъмуриятҳои мухаввафи худ дар дохили кишвар  ва ҳамкории мустақим бо вазорати иттилоот дар дастгирӣ ва шиканҷа ва аз байн бурдани мухолифини ҳукумат, ҳамонгуна, ки дар боло ишора шуд, дар кишварҳои ҳамсоя, монанди Сурия,  Ироқ, Лубнон, Фаластин низ дорои шуъба ва ургони муртабит буда ва дар онҷо низ ба ҳамин шакл дар ҳоли фаъолият мебошад. Дар тамоми инҳидому мунфаъил сохтани ҳар гуна ҳаракат, ки ба ташхиси Сипоҳи Посдорон хатарнок барои фоидаи Сипоҳи Посдорон бошад, вориди анҷоми амалиёт шуда ва ин афрод ва ашхосу гуруҳҳоро ба шакли махфиёна дар дохилу хориҷ аз кишвар, дастгир ва нест месозанд.

Рӯзноманигорон, донишҷӯён, пизишкон, устодони донишгоҳ, вукало, фаъолони маданӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумлаи афроди садрнишини листи контролҳо ин воҳид аз Сипоҳи Посдорон ҳастанд, ки дар сурати мушоҳидаи ҳаргуна таҳрик, фаъолият ва мавориди машкук, ки ба зоиқаи Сипоҳи Посдорон хуш наёяд, маротиби баъдӣ ба хотири дастгирии ин афрод ба фармондеҳии ҳавзаи ҳифозати иттиллооти Сипоҳи Посдорон интиқол дода мешаванд.

 

Равиши дастгирӣ

Дастгирии афроди мавриди назар ба ташхиси воҳиди ҳифозатӣ ва иттилоотии Сипоҳи Посдорон ба ҳеҷ унвон ниёзманди ҳукми қазоӣ ва иҷозати ургонҳои нозир бар судури ҳукми боздошт набуда ва дастгириҳо комилан худсарона ва ба ташхиси Сипоҳ анҷом мегирад.

Афроди дастгиршудаи зери шароити фавқ ҳамвора ба маконҳое интиқол дода мешаванд, ки аз ҷумлаи зиндонҳои расмӣ ва ошкори зери назорати қувваи қазоӣ ва созмони зиндонҳои кишвар намебошанд ва маъмулан дар ихтифои комили сохта  ва ё дар  назаргирифта шуда.

Зиндонҳои махфии Сипоҳи Посдорон комилан ҷудо аз зиндонҳои махфиёна ва ниҳони Вазорати Иттиллоот ҳастанд ва дар ин боб Сипоҳи Посдорон комилан худсарона ва мустақил амал менамоянд. Бинобарин ин дар ин мақола метавон Сипоҳи Посдоронро мозод бар амалкарди Вазорати Иттилоот ва ситодҳои хабарӣ қаламдод кард, ки ҳамвора дар дастгирӣ ва нигаҳдорӣ ва бозҷӯии зиндонӣ ба шакли махфиёна амал кардааст.

 

Зиндонҳои махфӣ

Теъдоде аз ин маконҳо дар дохили подгонҳои омӯзишии Сипоҳ, пойгоҳҳои фармонедеҳӣ ва амокине, ки комилан муҳитҳои ҳифозатшуда ва зери назару ҳиросат ҳастанд, қарор доранд. Теъдоди дигаре аз ин маконҳо, ки зиндонҳои махфиёнаи Сипоҳи Посдорон ҳастанд, маъмулан хориҷ аз муҳитҳои низомӣ ва дар маконҳое ҳастанд, ки фақат масъулини радаи болои Сипоҳ ва воҳиҳи ҳифозати иттилоот аз он муталлеъ мебошанд. Ин маконҳо ба шакли манозил хориҷ аз шаҳр, зери заминҳои идороту ниҳодҳои вобаста ба Сипоҳи Посдорон, бахше аз ширкатҳо ва опортмонҳо, ки махфиёна тавассути Сипоҳи Посдорон контрол  ва нигаҳдорӣ мешаванд, мебошад.

Сохтмонҳое бо гунҷоиши мутафовит ва дорои навъи сохтмонзозии мутафовит, комилан оиқбандӣ шуда ва дорои чандин роҳ барои убур ва мурур ба дохил бо автомобил, ки дар дохили онҳо мухолифини ҳукумати исломӣ ва ва Сипоҳи Посдорон зери бозҷӯ, шикашҷа, эътироф ва ҳатто эъдомҳои ниҳоӣ қарор мегиранд.

Сипоҳи Посдорон як бахши вижа азин нав низомҳоро низ мудирият мекунад, ки хос ба афрод ва аъзои Сипоҳи Посдорон мебошад. Аъзое, ки ба ҳар далел аз сиёсатҳои Сипоҳ тахаттӣ намоянд ва ё бар хилофи навъи сиёсати Сипоҳ даст ба эътироз ва ё ҳар гуна ҳаракате намоянд, ки Сипоҳ ба воситаи он эҳсоси хатар намояд, ба ин бахш аз зиндон, ки бахши низомии аъзои Сипоҳ мебошад, мунтақил хоҳанд шуд. Ағлаби ин афрод, ки аъзои кадрии Сипоҳи Посдорон будаанд, дар сурате, ки Сипоҳи Посдорон ҳузур ва вуҷуди онҳоро хатарнок ва ё мояи дардисар бидонад, маъмулан баъд аз озодӣ аз зиндон ва боздошт дучори оризаҳои қалбӣ, маргу мири ношӣ аз ҳамла ва сактаи қалбӣ, ё мағзӣ мешаванд ва дар зоҳир бо марги табиъӣ фавт менамоянд, аммо дар воқеъ ин бахше аз шеваи амалкарди Сипоҳ барои аз байн бурдани мухолифини худ аст.

Илова бар ин навъи зиндон ва боздоштгоҳҳои махфӣ, Сипоҳи Посдорон дар зиндонҳои марказӣ ва зери назорати идораи тамоми зиндонҳои кишвар, ки зери назари мустақими қувваи қазоӣ мебошад, низ дорои бандҳои махсус ба худ мебошад, ки теъдоди зиндониёни сиёсӣ, ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ ва Сипоҳи Посдорон ононро амниятӣ меноманд, дар онҳо нигаҳдорӣ ва зери назорат доранд. Ин бандҳо низ комилан тавассути Сипоҳи Посдорон контрол ва назорат мешаванд ва раёсати зиндонҳо ва маъмурини зиндон фоқиди қудрати иҷроӣ ва ё дахолат дар парванда ва умури ин даста аз зиндониёни банди махсуси Сипоҳ ҳастанд.

Бахши дигаре аз зиндонҳои махфии Сипоҳи Посдорон дар сохтмонҳои пулис ва нерӯҳои интизомӣ қарор гирифтааст. Дар канори шуъбаҳои мухталифи идораҳо ва боздоштҳои маъмул ва мушаххас нерӯи интизомӣ низ сохтмон ва ё маконҳои зери фармондеҳӣ ва контроли Сипоҳ мебошанд, ки теъдоде аз зиндониён ва қурбониёни худро дар онҷо нигаҳдорӣ ва зери бозҷӯӣ ва шиканҷа қарор медиҳанд. Интихоби ингуна аз зиндонҳои махфиёнаи Сипоҳ дар дохили сохтмони пулис ва ё идораҳои огоҳӣ, бештар ба ин далел аст, ки боздоштшудагони ҷароими оддӣ ва маъмулии рӯзона маъмулан дар сохтмонҳои нерӯҳои интизомӣ ва идораи огоҳӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар шароити зарурӣ ва ногаҳонӣ интиқоли фарди дастгиршуда тавассути Сипоҳи Посдорон ба ин марокиз ба ҳеҷ унвон муҷиби барангехта шудани шак ё ҷалби таваҷҷуҳ намешавад.

 

Наҳви нигаҳдории зиндониён

Зиндониён дар ин зиндонҳо комилан махфӣ буда ва зери шиканҷаи ваҳшиёна қарор доранд ва маъмулан барои  тахлияи иттилоотии зиндон аз ҳар гуна шиканҷаи ҷисмӣ, рӯҳӣ, таҷовуз ва ғайра, истифода мешавад.

Дар ин зиндонҳо як силсила кадрҳои махсусе машғул ба кор ҳастанд, ки шомили горди ҳифозатӣ, бозҷӯҳо, шиканҷагорон ва пизишкону мутахасисони беҳдорӣ ҳастанд. Ин кадри тахассусӣ ва омӯзишёфта дорои имконот ва адавоти комилан ҳирфаӣ буда, ки аксаран аз кишварҳои Чин ва ё дигар кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Ирон ва Сипоҳи Посдорон таҳия ва таъмин мешаванд.

Доруҳои ташануҷдиҳанда, ампулҳои мунтақилкунандаи бемороҳои ношинохта, дорӯҳои муҳаррики равону аъсоб, ки шахстро дар масири корҳои хатарнок ҳамчун худкушӣ қарор медиҳад, буруз ва сактаи қалбӣ ва мағзӣ дар афрод ба василаи як сирри дигар аз дорӯҳо ва ампулҳои махсуси шиканҷа, низ танҳо теъдоди бисёр каме аз абзори олоти мавриди шиканҷа дар ин зиндонҳои махфиёна ҳастанд.

 

Анвои шиканҷа ва фишор бар зиндониён

Маъмурони Сипоҳи Посдорон, ки дар ин зиндонҳо ҳастанд, барои ба эътироф водоштани зиндониён аз ҳеҷ навъ аъмоли зидди инсонӣ дареғ намедоранд, он чӣ, ки барои онон ва фармондеҳони зиндонҳои махфиёнаи Сипоҳи Посдорон муҳим аст, таҳияи гузориш аз тавоноии худ дар ба даст овардани иттиллоот ва эътироф аз зиндониёнест, ки аз тамоми ҳуқуқи аввалияти худ ба унвони як зиндонии сиёсӣ маҳрум ҳастанд. Ин зиндониён дар ихтифо ва пинҳонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва касе аз сарнавишт ва ҷову макони онҳо муталлеъ нест, ҳеҷ иртиботе бо хонаводаҳояшон надоранд ва қодир ба барқароии ҳеҷ гуна иртиботе бо берӯни зиндон ва гирифтани вақил ҳам нестанд.

Дар ин зиндонҳо зиндонӣ мавриди озорҳо ва осебҳое қарор мегирад, ки комилан тоқатфарсо ва шиканҷа аст, шиканҷаҳое монанди:

1.     Шиканҷаҳои физикии шадид

2.     Шикастани амуди устухонҳои дасту по ва сари зиндониён

3.     Зарба  задан ба бадани зиндониён бо кабелҳои ғафс бо дасту пои баста шуда

4.     Фишорҳои рӯҳи равонӣ ва ҷилавгирӣ аз истироҳат ва хоби зиндонӣ

5.     Анҷоми манёври эъдомҳои намоишӣ ва қаллобӣ бар рӯи зиндонӣ

6.     Таҷовузи ҷинсӣ ба зиндонӣ

7.     Таҷовуз ба аъзои хонаводаи зиндонӣ дар назди вай

8.     Таҳдид ба ҳатки ҳурмати зиндонӣ дар ҷомеа

9.     Таҳияи акси  бараҳна аз зиндонӣ ё аъзои хонаводаи вай ва таҳдид ба интишори онҳо

10.                         Водор намудани зиндонӣ ба эътирофи телевизионӣ ва тасвири дуруғин

11.                         Доғ кардан ва сӯзондаи бадани зиндонӣ бо утук ва сигор

 

Амалкарди воҳиди беҳдории Сипоҳ дар ин зиндонҳо

Аз тарафе низ як шуъбаи мустақили беҳдорӣ бо мутахассисони вижаи мустақил дар ҳамин зиндонҳои махфӣ низ абзорест, то Сипоҳи Посдорон бо судури ҷавози дафн ва маросими фавт барои афтодеро, ки дар зери шиканҷа тобу тавони худро аз даст дода ва фавт мекунанд, ҳамлаи қалбӣ ва сактари мағзӣ ва худкушӣ биномад ва бо баргаҳои муҳршуда ва тайидияти пизишк аз ифшои ин ҷиноёт ҷилавгирӣ шавад.

Бисёре аз афроде, ки дар шаҳристонҳои Ирон ва аз миллатҳои озарӣ, балуч, араб ва курду ғайра ҳастанд ва ҳамвора фарёди ҳақхоҳӣ ва мутолаботи худро дар қолабҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, донишҷӯӣ ва ғайра сар медиҳанд, маъмулан дар листи аввали қурбониёни ҷиноёти Сипоҳи Посдорон дар зиндонҳои махфиёна ҳастанд.

Воҳиди беҳдории зиндонҳои Сипоҳ низ дар навбати худ гунаҳое аз шиканҷаро дар мавриди зиндониён эъмол мекунанд, ки дар навъи худ комилан зидди инсонӣ ва ғайриқобили тасаввур аст:

1.     Тазриқи дорӯҳои таъсиргузар бар равони зиндонӣ

2.     Тахлияи миқдори зиёде аз хуни зиндониён барои банки хуни Сипоҳ

3.     Тести озмоишоти мухталифи доруворӣ ва химиявӣ дар бадани зиндониён

4.     Тазриқи миқдорҳои зиёде морфин ва муътод сохтани зиндониён ба маводи мухаддир

5.     Таҷзияи бадани зиндониёни кушта шуда ва қурбонӣ ва истифода аз аъзои бадани онҳо

6.     Хурондани дорӯҳои муҳаррики аъсоб ва девона сохтани зиндониён пас аз озодӣ

7.     Истифода аз дорӯҳое, ки муҷиби сактаи мағзӣ ва ё ҳамлаи қалбии зиндониён дар дарозмуддат бишавад.

Яке аз намунаҳои боризи ин гуна аъмоли Сипоҳи Посдорон Роминпур Андарҷонӣ, дуктури сарбоз дар боздоштгоҳи Каҳрезак мебошад, ки ба дунболи ифшогарӣ дар мавриди он чӣ дар ин боздоштгоҳ дар соли 88 гузашт ва шиканҷаҳое, болои ҷавонони дасгиршуда эъмол мешавад, ба тарзи машкуке ҷон бохт.

 

Сарнавишти номаълуми зиндониёни махфӣ

Бисёре аз ин афрод ҳатто аз наҳви дастгирӣ, маҳали нигаҳдорӣ ва сарнавишти онон ҳатто дар тули солиёни мутамодӣ ҳеҷ иттилое дар даст набуда ва нест. Бештарин иллати фаъолият Сипоҳи Посдорон дар вилоятҳои марзӣ ва ҳавошии Ирон низ бадин сабаб аст, ки интишори ахбор ва рӯйдодҳое аз ин қабил дар шаҳристонҳо бисёр маҳдуд ва метавон гуфт ғайри мумкин аст.

Саъиди Зайнолӣ, яке дигар аз намунаҳои бориз ва  ошкор аст, ки дар яке аз ин зиндонҳои Сипоҳ барои ҳамеша беному нишон монд. Саъд  Зайнолӣ дар 23 Тирмоҳи соли 1378 дар пеши чашми модараш боздошт шуд ва аз он таърих то кунун, ҷуз як тамоси телефонии кӯтоҳ ҳеҷ хабаре аз ин фориғутаҳсили компютери донишгоҳи Теҳрон дар даст нест. Хонаводаи оқои Зайнолӣ аз 15 сол пеш то кунун барои гирифтани хабаре аз фарзандошон ба тамоми марокизи амниятӣ ва қазоӣ муроҷиат кардаанд, аммо ҳеҷ посухи дурусте ба онҳо дода нашудааст.

Манбаъ: Акрам Ниқобӣ, модари Саъид Зайнолӣ мегӯяд: “Ҳеҷ ҷавоби қатъӣ намедиҳанд, як моҳ пеш аз додситонӣ ба ман занг зада гуфтанд, ки Саъид Зайнолӣ озод шудааст. Намедонед чӣ қадар хушҳол шудам, чӣ ҳоле пайдо кардам, аммо баъд инкор карда, гуфтанд мо парвандаро дидем, иштибоҳ шудааст. Баъд гуфтанд нигарон набошед ва мо пайгир ҳастем ва хабаратон мекунем”.

Ӯ меафзояд: “Рафтам додситонӣ, гуфтанд намояндаи Сипоҳро хостаем инҷо ва бо ӯ ҷаласа мегузорем ва қазияро равшан мекунем”. Қарор буд зарфи ду рӯз ҷаласаро баргузор кунанд, аммо акнун 25 рӯз гузашта ва ҳеҷ хабаре нест”.

Вай мегӯяд: “Оқои Худобахшиён, додёри нозири зиндоин Эвин буд, ки ба падари Саъид гуфта буд ҳар мавқеъ мехоҳем ҷои Саъдро пайдо кунем ва ба шумо иттилоъ бидиҳем, ҷояшро иваз мекунанд. Аммо тавзеҳ надоданд, ки кӣ ҷои Саъидро иваз мекунад, аслан Саъид дар дасти кист, аслан зинда ҳаст?”.

Эъмоли шиканҷаҳое, ки каромат, шахсият ва ҳайсияти инсониро мавриди латма ва осеб қарор медиҳад, низ бахши дигаре аз анвои шиканҷаҳои маъмул ва марсум дар ин гуна боздоштгоҳҳои ниҳонӣ аст.

 

Таҷовуз ба зиндониён

Таҷовуз ба занон ва духтарон, ҳатто мардоне, ки ба иллати фаъолиятҳои донишҷӯӣ ва фаъолиятҳо дар арсаҳои мухталиф барои эҳқоқи ҳуқуқи инсонӣ ва озодӣ дастгир шудаанд, ҳамвора дар ин марокиз паҳн гашта ва эъмол мешавад. Дар ин замина борҳо дида шудааст, ки афроде муддате пас аз озод шудан аз ин зиндонҳо дӯчори ҷунун, маргҳои машкук бар асари тасодуф ва ҳатто худкушӣ шудаанд.

Бештар ин худкушиҳо маъмулан ба далели  эъмоли таҷовузи ҷинсӣ ба зиндониҳо дар замони зери бозҷӯӣ буда, ки мунҷар ба терори шахсият ва хурд шудани ахлоқиёт ва каромати инсонии шахс шудааст.

Яке аз ин маворид сарнавишти духтарест ба номи “Шарл”, ки Муҳаммади Нуризод дар вебсайти расмияш дар мавридаш менависад. Духтаре, ки донишҷӯи лисонси улуми сиёсӣ буда ва  танҳо ба ҷурми имзо ҷам кардани тумори эътирозӣ ба вазъияти донишгоҳ дастгир ва ба сарнавишти шум дучор мешавад.

Манбаъ: (( Ду моҳ се моҳ чаҳор моҳ, каме ба панҷ моҳ монанд аст, ки аз зиндони Эвин ба падар занг мезананд, ки биё духтаратро бибар. Падар саросема ба Теҳрон меравад, ба зиндони Эвин дари зиндон кушода мешавад, бонӯе зери бағал Шалрро гирифта, рӯи пояш бандест.

Эй Худо! ин ки Шалр нест, Шалр ба ру руе дошт, чолок  ва варзишкор ва каме ҳатто чоқ буд. Ин духтар, ки чиҳил панҷоҳ кило бештар вазн надорад. Падар Шалро мегирад, ба шарте, ки ҳар вақт занг зада гуфтанд бираш, биёварад. Соли гузашта каме пеш аз ин рӯзҳо “бародарон” занг мезананд, ки Шалрро биёр. Достони телефонро ба Шалр мегӯянд, ки омода шав. Се рӯз муҳлат доданд. Шалр ду рӯз дар худ фуру меравад, боз ҳамон сукут ва лоғару зонуларзон. Дар интиҳои рӯзи дуввум, ки фардояш бояд ҳаракат мекарданд, Шалро мебинанд, ки хобида. Ин чӣ вақти хобаст? Падарбузург аз солҳои дур як туфанги шикорӣ дошта, ки дар хонаи онҳо нигаҳдорӣ мешудааст ва хуласи калом бо ин туфанг худро ба қатл мерасонад.

Паймон Ковусӣ, муҳандиси барқ низ яке аз қурбониёни мавриди таҷовуз қарор гирифтан дар зиндонҳои Сипоҳи Посдорон аст.  Мавриди таҷовуз қарор гирифтан ба далели мухолифат бо сиёсатҳо ва эъмоли фишор ба ҷамоат зери ҳукумати ҷумҳурии исломӣ ва гарданкашиҳои Сипоҳи Посдорон.

Нуфуз ва густардагии нерӯҳои Сипоҳи Посдорон дар абъоди мухталифи қудрати ҳукуматӣ ба қувваи қазоӣ ҳам расидааст, ва ин аъмоли нуфуз боис гардидааст, ки ҳам теъдоде аз пустҳои калидӣ то ҳадди муовинатҳои қазоиро дар ихтиёр дошта бошанд ва ҳам ин, ки вуҷуди мафияи мухаввафи одамкуштани Сипоҳи Посдорон низ табдил ба абзоре шудааст, то ҳар навъ аъмолеро, ки хоҳанд анҷом бидиҳад.

 

Ҳадафи Сипоҳ аз эҷоди ин зиндонҳо

Ҳадафи  Сипоҳ аз эҷоди ин гуна марокиз ва зиндонҳои махфиёна решакан кардани ҳаргуна андеша, ҷунбишу фаъолиятест, ки онро зарар ба ҳоли худ ва иқтидори худ ва низоми ҷумҳурии исломӣ бидонад. Саркуби нухбагони ҷомеа, қалъу қамъ кардани фарёдҳои эътирозӣ ва ҷилавгирӣ аз шакл гирифтани ҳаргуна ниҳоду таҷаммуъ ва  ташаккулу синфе, дар раъси дастури кори ин ниҳод аст.

Сипоҳи Посдорон бо ташкил ва мудирияти ҷойҳои махфӣ, илова бар эҷоди руъбу ваҳшат дар ҷомеа, тафриқа, нифоқ, адами итминони оҳоди ҷомеа ба якдигар, тарс аз дастгирӣ ва авоқиби ниҳониии онро низ парварда ва сохтаву пардохта кардааст.

Сипоҳи Посдорон унгони сиёсӣ низомӣ дар дасти Сайди Алӣ Хоменаӣ аст, ки дар тули мавҷудияи худ то ба имрӯз ҳамвора гарданкашӣ кардааст ва фоқиди дарки гуфтумони демокротик аст. Сипоҳ ургонест, ки ҳар навъ ҳаракатро, ки мутобиқ ба майлҳояш набошад, қалъу қамъ карда ва бо  хушунату куштор ва шиканҷа бо он бархурд мекунад.

 

 

 

 

Теъдоди боздид :
68530

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок