Вазири кишвари Лубнон хитоб ба Хоменаӣ: Биният ба хок молида хоҳад шуд
Таърихи изофа : 4/16/2015 7:52:19 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Ниҳод Машнӯқ, вазири кишвари Лубнон бо баёни ин, ки бо ҳаргуна таъарруз ба Саудӣ, ки ҳамвора канори Лубнон ва дигар кишварҳои арабӣ истодааст, хитоб ба Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ирон гуфт: “Барои Яман ашки тимсоҳ мерезад ва аз куштани кӯдакон дар Сурия ҳимоят мекунад”.

Машнӯқ, ки сешанбе дар маросими баргузоршуда тавассути иттиҳодияи ҷамъиятҳои хонаводаҳои бейрутӣ сухан мегуфт, изҳор дошт: “Мо акнун дар давраи арабии ҷадиде ба сар мебарем, ки Саудӣ тоҷи он аст, бидуни Саудӣ ва Миср урубият тавони истодан надорад”.

Машнуқ дар идома бо ишора ба суханони чанд рӯз пеши Оятуллоҳ Хоменаӣ, раҳбари Ирон дар бораи авзои Яман гуфт: “чанд рӯз пеш суханоне шунидам, ки ба подшоҳи Арабистон ваъдаи шикас ва молида шудани бинияш ба хокро додааст, ман аз Бейрут, пойтахте, ки бисёр аз соҳиби ин сухан ва мактабаш ранҷ дида, ба  ҳамон андоза, ки аз Исроил ранҷ надидааст, аз пойтахте, ки ҳеҷгоҳ Риёз дар баробари он хасис набуда ва ҳар чӣ дар тавон дошт барои бархостан, тавсеа ва  рафоҳи мардумаш аз ҳамаи тоифаҳо пешкаш кард, мегуям: ӯ ва ҳар кас, ки дар фарҳанги таҷовуз, ҳазф ва дастдарозӣ ба машруиятҳо реша давонда ва муътақид аст замони истизъоф идома дорад, биният ба хок молида хоҳад шуд. Ин давраи арабии ҷадид аст, ки дар он иҷоза нахоҳем дод фармондеҳи ҳамаи ҷангҳо ва даргириҳои мазҳабӣ дар минтақа, барои кӯдакони Яман ашки тимсоҳ бирезад, дар ҳоле, ки куштори кӯдаконро дар Сурия ва Ироқ раҳбарӣ мекунад, гӯё то замоне, ки марг онҳоро битавонад дар муодилаҳои нуфуз, ҳаймана ва тазвири воқеиятҳо ба кор гирад, онҳоро вориди ҳисобҳои худ намекунад”.

 

Теъдоди боздид :
3399

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок