Назари донишманди исломӣ дар мавриди гуруҳи ДОИШ
Таърихи изофа : 5/24/2015 4:32:25 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Шаклгирии машкуки гуруҳи ДОИШ дар Ироқу Сурия ва корҳои зиди исломии ин гуруҳ ва интисоби он ба дини Ислом боис шудааст, ки хелеҳо нисбат ба дини Ислом дучори шаку шубҳа шаванд, аз ин рӯ яке аз коршиносони улуми исломии аҳли суннати Ирон иқдом ба интишори мақолае бо унвони “ДОИШ ва иртиботи фикрии он бо Хавориҷ” намудааст, ки ба сурати комил дар зайл меояд:

 

ДОИШ ва иртиботи фикрии он бо Хавориҷ

Хавориҷ ва ақидаи мунҳарифи он бо афкори фарде ба номи "Зулхувайсара" оғоз шуд ва тавассути шогирдони ин мактаб густариши ёфт.

Зулхувайсара ин марди мунофиқ ва хориҷӣ бо камоли вақоҳат дар вақти тақсими ғаниматҳои ҷангӣ, Расули Аллоҳ (с)ро мавриди хитоб қарор дод, ки “Эй Муҳамад адолати кун”. Абӯлқосим (а) дар ҷавоб фармуд: “Вой бар ту! чӣ касе адолат мекунад, агар ман адолатгар набошам”?.

Инҷост, ки Саҳоба (р) аз сарвари башарият касби иҷозат намуданд, ки ӯро танбеҳ кунанд, аммои Паёмбари Раҳмат бо мусллеҳ будан ба пули иртиботи ваҳй, ба ёронаш (р) чунини посух доданд: "Дар оянда аз насли ин шахс афроде ба дунё хоҳанд омад, ки аз дин хориҷ мешаванд, на ба хотири камӣ ва костию сустӣ дар дар заминаи таклифҳои шаръӣ, балки Куръони Каримро зиёд таловат мекунанд ва ибодатҳои шуморо таҳқир хоҳанд кард”.

Эъҷози пешгӯии набувват дар посухи Паёмбари раҳмат дар солҳову қарнҳо баъд аз аҳди набавӣ собит ва таҳаққуқ ёфт. Яке  аз мавориди ин эъҷози каломи набавӣ дар гузашта, ба шаҳодат расондани сарвари мо Алӣ (р) тавассути як фарди хориҷии мунҳариф ва такфирӣ ба номи Ибни Мулҷими Муродӣ ва дар ҷаҳони муосири имрӯз, вуҷуди гуруҳи мунҳариф ва такфирӣ ба номи ДОИШ, ки ба номи Ислом ва ба баҳонаҳои мухталифе аз ҷумла ҷиҳод, мусалмононро ба таври умум ва ҳуккоми муслиминро алалхусус такфир мекунанд.

Ин ақидаи такфирӣ, ки имруза шиори аҳзоби мухталиф, ба вижа  гурӯҳи террористии ДОИШ шуда, реша дар асли ақоиди Хавориҷ дорад, зеро аз усули ақоиди Хавориҷ инаст, ки муртакибини гуноҳи кабираро кофир медонанд. Ин фикри мунҳариф ва ботил бо дидгоҳи раббонӣ ва набавӣ мунофот дорад. Ҳамчунин  фирқаи гумроҳи Хавориҷ, дар тӯли таърихи Ислом барои уммати исломӣ дарди сар оварда буд ва гузидаи башарият, баъд аз Паёмбар (а) ва дар раъси онҳои сарвари мо Алӣ (р) тасфия намуда ва имрӯза ҳам тавассути аҳзоби мунҳариф аз муридони Хавориҷ  фарҳехтагон ва асҳоби қалам, қурбонии ин афкор шум мебошанд ва ба ҳамон шевае, ки Хавориҷ се тан аз саҳоба ба номи Алӣ, Муъовия ва Амр бин Ос (р) ба меҳвари шар барои ҷомеъаи онрӯза муаррифӣ карданд, то ба аҳдофи шуми худ бирасанд, имрӯз  ҳам гуруҳаки ДОИШ эҳсосот ва отифаҳои ҷавонони мусалмонро зери тир худ қарор дода ва таҳти мусамои ҷиҳод ва ғайра мухолифини худро аз меҳвари шар тасниф мекунанд, то битавонанд ба номи дин ҷиноятҳои бузурге муртакиб шаванд. Мутаъассифона дар ниҳоят ҷавонони поку мусалмон қурбонӣ ҳастанд.

 

Ташобуҳи ДОИШ бо Хавориҷ

Ташобуҳи таърихӣ, сиёсӣ ва ибодӣ байни аҷдоду наберагон (Хавориҷу ДОИШ) дар умури зиёде мушоҳида мешаванд аз ҷумла:

Такфир

Гирифтани байъат бо икроҳу иҷбор ва ба сурати махфиёна

Таъйини Халифа

Ҷаҳл дар аҳкоми фиқҳӣ

Ғулув  дар ибодот

Ифротгарӣ дар татбиқи аҳкоми шаръӣ

Бардошт ва истидлоли ғайри мантиқӣ аз оёти каримаи Қуръони Карим, ба унвони мисол: ҳамонгуна ки Хавориҷ бо истинод ба ояти [ إن الحكم إلا لله] ҳукми куфри ҳазрати Алӣ (р) ва ҳамроҳонашро содир карданд, имрӯз ҳам наберагони Хавориҷ бо истинод ба ояи Кирима , [ومن لم يحكم بما أنزل الله ] ҳуккоми муслиминро такфир мекунанд.

Душманони Ислом барои тафриқа андохтан байни уммати Муҳаммад (с) аз як тараф ва тасвир намудани мусалмонон ба террористӣ ва ҷилавгирӣ аз мавҷи гароиши ғайри мусалмонон ба Ислом аз тарафи дигар, аҳзобе монанди гуруҳи ДОИШро эҷод карданд, ки таърихи чанд солаи ин гуруҳи ҷинояткор худ амалан собит карда, ки раҳбарони ин гурӯҳи аҷиру муздур ҳастанд.

Замоне душманони Ислом эҳсос карданд, ки Артиши Озодибахши Сурия ба пирӯзӣ бар Башори Носирӣ наздик шуда, гурӯҳи ДОИШро рӯй хат оварданд ва ӯро бо аслиҳаи сабуку сангин муҷаҳҳаз намуданд  ва ҳоло муддати дусоли тамом бо Артиши Озодибахш даргир ҳастанд ва артиши Башор нафаси роҳат мекашад, ва ҳатто теъдоди зиёде аз афрод ҷудошуда аз артиши режими Сурияро эъдом карданд.

Дар Ироқ низ тирҳои гуруҳи ДОИШ бар алайҳи ашоиру қабоили мусалмон шиллик мешавад,  то ситамгарон дар Ироқ аз кушташудани ҳар ду тараф лаззат бибаранд.

 

Мунофот доштани аъмоли ДОИШ бо Ислом

Гуруҳи ДОИШ бар хилофи таълимоти раббонӣ ва набавӣ аз оғози зуҳураш ҷиноятҳои зиёде аз қабили шиканҷаи  афрод ва шаллоқ задан, эъдоми ҷамоӣ ва такфири афрод, муртакиб шуда аст ва муттаассифона ин ҳама ҷурму ҷиноёт дар ҳақи башарият, ба номи Ислом ва зери ливои ҷиҳод, муртакиб мешаванд.

Ба шаҳри Кубонӣ, марзи  ва Туркия  ва Сурия ба таври ваҳшиёна ҳамла карданд ва миллати курд, дар ин шаҳрро қатли ом намуданд. Ислом бо ингуна аъмоли ваҳшиёна мухолиф аст. Ислом дини раҳмат аст, ҳатто ҳуқуқи ҳайвонотро дар назар гирифта, мин боби авло ҳуқуқи башар.  Магар  дар суннати поки набавӣ чунин наёмада, ки зане ба хотири озор расондан ба  як гурба, вориди дузах хоҳад шуд” Аллоҳи Акбар ба ин раҳмат.

Ҷиҳод дар Ислом шарту шуруте дорад  ва Паёмбари Раҳмат (с) дар ҷиҳод бар алайҳи куффор ҳаргиз бо икроҳ ва маҷбурӣ имон ва исломро бар онҳо арза накард. Паёмбари бузургвори уммати исломӣ дар  набард  бо мушрикин ва куффор ҳаргиз асирро мусла (буридани аъзои бадан) накард, ҳаргиз асирро шиканҷа надод, ҳаргиз асирро насӯзонд, аммои раҳбарони ДОИШ, ки табли ҷиҳод ба сина мезананд, мусалмон ва ғайри мусалмонро зинда зинда дар оташ месӯзонанд.

Гуруҳи ДОИШ мухолифини худ ба вижа ҳуккоми муслиминро сирфан бахотири равобит ва ё нишасту бархост бо сарони куфр, такфир мекунанд, дар сурате, ки Расули Аллоҳ (с) баъд аз ташриф фармудан ба Мадинаи Мунаввара бо яҳӯди Мадина ҳампаймон шуд, (ҳоло ҳадйи ҳудои набавӣ куҷост , ва аъмоли зишт ДОИШ куҷост), ки сирфан ба хотири нашри як дона акс, отифа ва эҳсосости мардумро мавриди хитоб қарор медиҳанд ва дар натиҷа ҳукми куфри сарони кишварҳои исломиро содир мекунанд.

Мутаъассифона дар маҳофили умумӣ, чунини унвон мешавад, ки гуруҳи ДОИШ намояндаи томулихтиёри Аҳли Суннати ҳастанд, дар сурате, ки чунини нест ва ин авомфиребист, балки мазҳаби Аҳли Суннат аз ин гуна афкори инҳирофӣ ва қатлу куштор ва таъаддӣ ба ҳурмати дигарон безору барӣ мебошад.

Ҳамчунин бар даъватгарон ва ислоҳгарон шаръан воҷиб аст, ки моҳияти ин фирқаи гумроҳро барои мардуми баён кунанд, то қурбони ин афкори вайронгар нашаванд, зеро ки бино ба фармудаи бузургони дин: “шинохти фитна барои уламо дар ибтидо амри саҳлу осон аст, аммо барои авоми мардуми баъд аз хомӯш кардани фитна зоҳиру ошкор мешавад.”

Бори дигар аҳли қаламро ба равшангарӣ даъват мекунам ва бидонанд, ки қалам, амонати бузургест, ки бояд ҳақи онро адо намуд. Эй соҳибони қалам” биёед бо кӯмаки якдигар дасти ин ҷавонони покро, ки қурбонии афкор ДОИШ шудаанд, бигирем ва аз ғарқ шудан наҷот диҳем!.

 

Бо қалами Шайх Абдуллоҳ Кишткор

Теъдоди боздид :
3976

Bookmark and Share              Balatarin
 
Wednesday 17 August 2016 05:08:48 GMT
Умар 
Лаьнат ба алипарастхо
Sunday 5 July 2015 06:07:38 GMT
банда 
шайххои сари курси равед бинед агар Доиш хак бошад пайваст шавед ва агар хаворич бошад нобуд кунед савоб аст . дар кучо доиш ахли суннатро куштааст ? ба кофирхо бовар накунед . агар доиш бар зарари ислом бошад нобудаш кунед сафедаки бахмали шуда дар сари миз нанишаста.
Sunday 28 June 2015 06:06:50 GMT
Махмад 
Имрузхо Дииш мукобила хама мечангад, зам бар зиди шиа ва хам бар зиди сунихо. Чмкадар мучохидонро сар буриданд вой бар шумо давлати исломи. Барои чи шахсоне ки ин хукми катлро мебароранд худро ошкор намекунанд. Хамаро кофир эълон карда хуни мусалмононро халол медонанд. Бад мегуянд ки дииш зердастииспоилу амрико нест, ачоиб.
Sunday 24 May 2015 02:05:17 GMT
саид 
Гурухи доиш яке аз гурухи хаворич аст.
Sunday 24 May 2015 08:05:27 GMT
sulhu vahdat 
Хавориш куштани хазраи али ва хазрати муъовияро халол чоиз донистан
магар доиш бо худаш ин акидаро чори мекунад на харгиз
Дар замони ххалифахои рошидин шалок зани набуд
ё ин ки мардцм мцртакиби гунохои кабиоа мешудан мегуфтан дига ин коро накн рав бляд хаминхел кард
аз Аллох битарсе хтона олиму мавлави мег рен
доиш барои хамаи мусалмонон рахмат аст
Дар ирок занхо духтарони мусалмононро тачовуз кардан дар назди бародарон ва падароншон хато мардхоро тачовуз кардан
Шумо хор мешен
Sunday 24 May 2015 08:05:03 GMT
sulhu vagdat 
Доиш зану духтарони ахли сунатро тачовуз намекунад
доиш ба суй сигаву куфру бидъат даъват намекунад
доиш барои ислом худшона дар хатар мондан
Аммо шумо чи кор карде факат кортон хурдан хоб рафтан
АЛЛОХ аз мусалмонони сукутро интихоб кардан дар баробари куфор безор аст
шиъахои лаъини бародарони шумо Ирок Сурия Ирон Лубнон Яман Бахрай кудрат пвйдо кардан ба кариби точикистонам мегиран Шумо дар кучо буде хурдеву хоб рафте
имруз доиш алай шиъа мечанганд шумо онхоро хаворич буроварден
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок