Ирон ҳавопаймои Ориёноро барои интиқоли “афроди машкук” ба Ирон ба иҷора гирифтааст
Таърихи изофа : 6/9/2015 10:28:20 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Қайс Ҳасан, раиси комисиюни мувосалот ва мухобироти Маҷлиси Намояндагони Афғонистон мегӯяд: аснодеро ба даст овардааст, ки нишон медиҳад, Ирон барои интиқлоли “афроди машкук”, ки бештарашон ниқобпӯш буданд, як ҳавопаймои ширкати Ориёнои марбут ба давлати Афғонистонро ба иҷора гирифтааст. Оқои Ҳасан мегӯяд, ки ин ҳавопаймо аз сӯи ширкати иронӣ ба номи “моҳони сипеҳр” ба иҷора гирифта шуда ва дар ҷараёни як моҳ ба сурати ҳамарӯза ба Ироқ парвоз карда ва ҳомили афроде будааст, ки зери тадобири шадиди амниятӣ қарор доштанд.

Ҳасан, ки бо хабарнигорон дар Кобул суҳбат мекард, гуфт: ин ҳавопаймо аз Кобул ба Машҳад ва аз Машҳад ба шаҳрҳои Бағдод ва Наҷаф парвоз мекардааст.

Халабонҳои ин ҳавопаймо ба намояндаи маҷлис гуфтаанд, ки онҳо ҳаққ надоштанд дар мавриди ҳувияти ин афрод суол кунанд ва ё барои дидани онҳо аз кабинаи халабон хориҷ шаванд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадуллоҳ Батош, вазири Транспорт ва Ҳавонавардии Афғонистон низ гуфта, ин як мавзуи сиёсист ва бар мегардад ба манофеи миллии Афғонистон ва дар сурате, ки даъво собит шавад, бояд аз заминаи ҷилавгирӣ ва таҳвил додани омилони он ба панҷаи қонун, иқдомоти ҷиддӣ рӯи даст гирифта шавад.

Давлати Ирон мутаҳам аст, ки нерӯи ҷангӣ ба Сурия ва Ироқ мефиристад, ҳамчунин ин кишвар мутаҳам аст, ки муҳоҷирини афғон дар Иронро ба ҷанги Сурия фиристодааст.

Теъдоди боздид :
2516

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок