Қарзовӣ: Сисии аблаҳро мутаваққиф кунед!
Таърихи изофа : 7/2/2015 3:11:44 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии донишмандони мусалмон  аз хирадмандони араб ва ҷаҳони ислом ва соири хирадмандони ҷаҳон хост, “пеш аз он, ки ин аҳмақ (Абдулфаттоҳ Сисӣ) Мисрро ба оташ бикашад, ӯро мутаваққиф кунанд.

Вай дар сафҳаи шахсиии Твитер дар вокуниш ба воқеаи дирӯз дар Сайно, ки ба кушта шудани даҳҳо тан аз нерӯҳои артиши Миср мунҷар шуд, навишт: “оё вақти он фаро нарасидааст, ки ин мустабид, ки дар кохи худ дар амният ба сар мебарад, аз фиристодани афсарону сарбозонаш ба қурбонгоҳ даст бикашад?

Шайх Қарзовӣ афзуд: “Мухолифати ман бо кудатои низомӣ дар Миср  (барканории Мурсӣ) ба хотири ҷонибдорӣ аз исломгароён ё Ихвон набуд, балки мухолифат кардам, чун аз оқибатҳои хатарноки он огоҳ будам.

Шайх суханони худро бо чанд байт ба поён расонид, ки тарҷумаи он чунин аст:

Шикебо бош эй миллат, ки ин шаб

Намонда чизи чандоне ва дигар субҳ наздик аст

Ва ин кобус ҳам ё меравад ё бурда хоҳад шуд

Ва шаб вақте ба авҷи зумлати худ мерасад,

 Яъне сапеда бисёр наздик аст!

Теъдоди боздид :
39755

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок