Дарсҳои ақида: Шурути «لا اله الا الله» (4)
Таърихи изофа : 7/6/2015 12:23:57 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз:  Делелҳри зиёде бар фазилати калимаи тавҳид ва суду манофеи азими он ворид шудаанд ва дар дарси саввуми ҳам нусусеро ёдовар шудем мабнӣ бар ин, ки ҳар кас бар мабнои ихлос ва аз аъмоқи қалби " لا اله الا  الله الله"ро бигуяд, вориди биҳишт мешавад ва бо эътироф ва иқрор ба ин калима аст, ки инсон молу ҷони худро бима намуда ва мусалмон мешавад.

Аммо  манзур аз ин калима фақат бар забон овардани он нест, балки танҳо замоне ин калимаи суд ва фоида хоҳад дошт, ки ҳафт шарти зерро дошта бошад:

 

1.                   Илм доштан ба маънои ин калима

Аллоҳи Таъоло мефармояд: : « فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ» (Бидон, ки албатта ҳеч маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад).

Ва мефарояд:   : « إِلَّا مَن شَهِدَ بِالْحَقِّ وَهُمْ یَعْلَمُونَ» الزخرف: ٨٦ “ Магар касоне, ки огоҳона ва аз рӯи илм бар ҳақ шаҳодат ва гувоҳӣ дода  (ва Аллоҳро ба ягонагӣ парастида) бошанд).

Дар ривоятҳои саҳеҳ аз ҳазрати Усмон бин Аффон (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд : « من مات و هو یعلم انه لا اله الله دخل الجنه». яъне: (касе, ки бимирад дар ҳоле, ки медонад, ки ҳеч маъбуде нест, ки лоиқ ва  шоистаи ибодат бошад, ба ҷуз Аллоҳ, дохили биҳишт мешавад).

 

2.                   Яқин доштан ба ин калима аз аъмоқи қалб

Иқроркунанда ба вуҷуди Аллоҳ, бояд ба мафҳум ва маънои он яқини комил ва қатъӣ дошта бошад, зеро имон танҳо бо яқин ҳосили мешавад ва набояд ҳеч гуна занну  гумон дар он вуҷуд дошта бошад, чуноне, ки Аллоҳи Таъоло мефармояд: فرماید : «إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِینَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ یَرْتَابُوا» الحجرا : ١٥”, яъне: “Мӯминони (воқеӣ) танҳо касонеанд, ки ба Аллоҳ ва пайғамбараш имон овардаанд, сипас ҳаргиз шакку тардиде ба худ роҳ надоданд”.

Худованд дар ин оят  адами шакро шарти ростӣ ва дурустии имони муъминон қарор додааст ва дар ривоёти саҳеҳ аз Расули Аллоҳ (с) собит аст, ки фармуд: « اشهد ان لا اله الا الله و انی رسول الله لا یلقی الله بهما عبد غیر شاکِّ فیهما فیحجب عن الجنة “, яъне “Ҳар бандае, ки бо ин калимаи Аллоҳи Таъолоро мулоқоти кунад, яъне бо яқин ба муҳтавои калимаи мазкур аз дунё биравад, аз биҳишт дур нигоҳ дошта наме шавад). Саҳиҳи Муслим (27)

Дар Саҳеди Муслим , Расули Аллоҳ (с) дуто кафши худро ба Абӯҳурайра дода, ӯро амр кард, то чунин эъломи кунад:  «من من لقیت من وراء هذا الحائط یشهد ان لا اله الا الله مستیقنا بها قلبه فبشره بالجنة», “Ҳар касероо берун ин боғ дидӣ ва ӯ ба ягонагии маъбуд гувоҳӣ диҳад ва қалбан итминон дошта бошад, ӯро ба биҳишти будан башорат бидеҳ”.

Дар ин ҳадиси низ яқини қалбиро шарти биҳиштӣ будани инсон қарор додааст, ки фуқдони шарт мусталзими фуқдони машрут аст.

 

3.                  Пазируфтани муқтазо ва муҳтавои ин калима бо қалбу забон

Қуръони Карим барои мо равшан сохтааст ки, Аллоҳи Таъоло мункирири ин калима аз умматҳое, ки аз амал кардан ба он дурӣ ҷуста буданд, азоб додааст, мефармояд: «إِنَّهُمْ کَانُوا إِذَا قِیلَ لَهُمْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ یَسْتَکْبِرُونَ * وَیَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِکُوا آلِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجْنُونٍ» . الصافا : ٣٥ – ٣٦”, “(чаро, ки) вақте, ки ба онон гуфта мешавад: ҷузи Аллоҳ маъбуди бар ҳаққе нест, такаббур мевазаданд (ва хештанро болотар аз он медиданд, ки яктопарастиро бипазиранд), мегуфтанд: оё мо барои (сухани) шоири девонае маъбуди хешро раҳо созем?”.

Аллои Таъоло, иллат ва сабаби азоби онҳоро истикбор ва ругардондан аз لا اله الا الله” ва низ такзиби Паёмбараш (с) қарор дода аст.

 

4.                    Пайравӣ ва тобеъят аз далолат ва мафҳуми ин калима

Аллоҳи Таъоло мефармояд: «وَأَنِیبُوا إِلَی رَبِّکُمْ وَأَسْلِمُوا لَهُ مِن قَبْلِ أَن یَأْتِیَکُمُ الْعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ» الزمر:٥٤ , “Ва ба сӯи Парвардгори худ баргардед, (бо тарки бадӣ ва анҷоми некӣ ба сӯи офаридгортаон тағйири масир диҳед) ва таслими Ӯ шавед (ва хозеона ва хошеона аз авомираш фармонбардорӣ кунед), пеш аз ин, ки азоби ногаҳон ба сӯи шумо биёяд ва дигар кӯмаку ёрӣ нашавед (ва касе натавонад шуморо аз азоби Аллоҳ бираҳонад)”.

Ва мефармояд: “وَمَن یُسْلِمْ وَجْهَهُ إِلَی اللَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَقَدِ اسْتَمْسَکَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَی وَإِلَی اللَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُور“, “Касе, ки мутеона рӯ ба Аллоҳ кунад, дар ҳоле, ки некӯкор бошад, ба дастовези бисёр мустаҳкаме чанг задааст. Саранҷоми ҳамаи корҳо ба Аллоҳ бозгашт дода мешавад”.

Маънои “یُسْلِمْ وَجْهَهُ”, итоат ва фармонбардорӣ ҳамроҳ бо накӯкорист, ки танҳо бандаи муваҳҳид чунин аст ва (عروه الوثقی)ро низ ба (لا اله الا الله) тафсири намудаанд.

 

5.                    Садоқат дар гуфтани ин калима

Яъне ин, ки калимаи тавҳидро бо сидқи дил бигуяд, дил ва забонаш бо ҳам ҳамоҳанг бошанд. Аллоҳи Таъолои мефармояд: “وَمِنَ النَّاسِ مَن یَقُولُ آمَنَّا بِاللّهِ وَبِالْیَوْمِ الآخِرِ وَمَا هُم بِمُؤْمِنِینَ * یُخَادِعُونَ اللّهَ وَالَّذِینَ آمَنُوا وَمَا یَخْدَعُونَ إِلاَّ أَنفُسَهُ وَمَا یَشْعُرُونَ» البقرة : ٨ – ٩”, “Дар миёни мардуми афроде ҳастанд, ки мегӯянд: мо ба Аллоҳ ва рӯзи растохез бовар дорем, дар сурате, ки бовар надоранд ва аз муъминони бишумор намеоянд (инҳо ба  назарашон) Аллоҳ ва касонеро фариб медиҳанд, ки имони овардаанд, дар сурате, ки ҷуз худро намефиребанд,  вале намефаҳманд".

Яъне мунофиқон дар суханони худ дуруғ мегуяд ва ботинашон бо зоҳирашони мувофиқат надорад.

Аз Маъоз (р) ривоят аст, ки расули Аллоҳ (с) фармуд: « ما من احد یشهد ان لا اله الا الله، و انّ محمداً رسول الله صدقاً من قلبه إلا حرمه الله علی النار », “Ҳар кас бо сидқи дил гувоҳӣ диҳад, ки маъбуди бар ҳақе ҷузи Аллоҳ нест ва Муҳамад (с) фиристодаи Ӯст, Аллоҳи Таъоло оташро  бар вай ҳаром мегардонад”.  Дар ин ҳадис гуфтани ин калима аз сидқи дилро шарти наҷот аз дузах қарор додааст.

 

6.                   Ихлос доштан дар гуфтан ва амал кардан ба ин калима

Ихлос иборат аст аз пок кардан амал ва гуфтор аз тамоми шавоиб ва олӯдагиҳои шикр. Аллоҳи Мутаъол мефармояд: “«أَلَا لِلَّهِ الدِّینُ الْخَالِصُ» الزمر : ٣Огоҳ бошед! танҳо тоату ибодати холисона барои Аллоҳ асту бас”.

 Ва мефармояд: “, «وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِیَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ» البینة : ٥ “Дар ҳоле, ки ҷуз ин ба ишон дастури дода нашуда аст, ки ҳақгароёно ва мухлисона Аллоҳро бипарастед”.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) « اسعد الناس بشفاعتی من قال لا اله الا الله خالصاً من قلبه و نفسه », “Баҳрамандтарин кас кас аз шафоъати ман касест, ки холисона ва аз таҳи дил мегуяд: “قال لا اله الا الله.

Аз Атбон бин Молик (р) ривоят аст ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: ان الله قد حرم علی النار من قال لا اله الا الله یبتغی بذالک وجه الله عز وجل», “Аллоҳи Таъоло дӯзахро бар тамоми касоне, ки قال لا اله الا الله “ро бахотири хушнӯдии Ӯ мегӯянд, ҳаром кардааст”.

 

7.                   Муҳаббат доштан ба ин калима:

Муҳаббат нисбат ба ин калима ва хостаҳо ва дилолоти он ва дӯстию муҳаббат нисбат ба касоне, ки муътақид ва пойбанд ба шароити ин калима ҳастанд ва буғзу нафрат аз мухолифони ин калима, Аллоҳи Таъоло мефармояд: “مِنَ النَّاسِ مَن یَتَّخِذُ مِن دُونِ اللّهِ أَندَاداً یُحِبُّونَهُمْ کَحُبِّ اللّهِ» البقرة : ١٦٥. “бархе аз мардум ҳастанд, ки ғайр аз Аллоҳ, маъбудоне бармегузинанд ва ононро монанди Аллоҳи дӯст медоранд ва касоне, ки имони овардаанд, Аллоҳро сахт дӯст медоранд ва (ва болотар аз аз ҳар чиз ба Ӯ дӯстӣ меварзанд).

Аломати дӯстию муҳаббати банда бо Аллоҳ, муқаддам доштан ва тарҷеҳ додани хоста Ӯст ва агар чӣ мухолиф бо хоста худ бошад ва низ нафрат ва буғз доштан аз он чӣ, ки Аллоҳ Таъоло аз он нафрат дорад, агар чӣ хилофи майл ва хостаҳои инсон бошад. Дӯстӣ бо дӯстони Ӯ ва душманӣ бо душманони Ӯст, пайравӣ аз Паёмбарони Ӯ ва пазируфтани ҳидоят ва раҳнамудҳои Ӯст.

 

Поёни шурути “لا اله الا الله

Давом дорад...

Гирдоваранда: Қарибуллоҳ Мутеъ

 

 

Теъдоди боздид :
91810

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок