Номаи саргушодаи кудаки муҳоҷири эронӣ ба Устод Кабирӣ!..
Таърихи изофа : 1/1/2016 11:11:47 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Амуҷони азизам !.....

Устод Кабирии бузургвор….

Салом бар шумо ва салом бар Ҳизби наҳзати исломӣсалом бар рашодатҳо ва ҷавонмардиҳои Устоди шаҳид Нурӣ...салом бар шаҳидони ҳамеша зиндаи Тоҷикистон, ки дар роҳи ҳақ ва расидан ризои Аллоҳи Раҳмон ҷоми шаҳодат саркашиданд..

Амуҷон..

Ман шумо ва тамоми раҳбарони ҷунбишҳои исломиро дуст дорам. Шуморо Худованд дар маснади раҳбарияти миллатҳои муъмин қарор дода аст…

Аммо иҷоза бидиҳед ҳамонгуна, ки муҳаббатамон дар роҳи Аллоҳ аст ва барои ризоияти ӯ ба "Маъруф" амр мекунем, аз "Мункар" низ наҳи кунем аз барои ризоияти ӯ..

Амуҷон !....

Тасвире аз шумо дар расонаҳои эронӣ дидам, ки дар намоиши ҳайма шаббозии ҳафтаи ваҳдат мушорикат доштед.

Дастони поки шуморо дидам, ки дастони хун ошомони замонро муҳкам мефишорид..

 Саломи имони шуморо дидам, ки бар теғи ҷаллодон ва лошахӯрон лабханд мезанад..

Валои тоъати илоҳии шуморо дидам, ки дар муқобили "Бароат" аз тоғутиён сар хам карда аст!…

Иззату ҳайбат ва каромати миллати Тоҷикистонро дидам, ки дар колбуди шумо ба хорӣ ва зиллат кашонда шуда аст !...

Оҳ…..

Чиқадар орзу доштам бо ҳамин дастони латифат бар сари фарзандони шаҳидони аҳлисуннати Эрон дасте каши !...

Эй кош ҳоло, ки қадам ранҷа карда ба Эрони мо ташриф оварда будӣ аз кохҳои тоғутиён берун омада саре низ ба зиндониёни дарбанд мезадӣ ва бо ҷавонони маҳкум ба эъдом,  Худо ҳофзӣ мекардӣ !

Амуҷон!...

Дустат дорам..ва дуст дорам сару гардане боло бигирӣ…

Амуҷон ту дигар Муҳиддини Кабирӣ нестӣ.. ту имруз рамзи имонӣ.. ту имруз ёдгори Устод Нурии шаҳидӣ…ту имруз намояндаи 100 ҳазор шаҳиди тоҷикӣ.. ту имруз дарди якуним милюн муҳоҷири дирузӣ..

Ту имруз танҳо раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ  нестӣ, ту имруз садои  мазлумияти манӣ муҳоҷири аҳлисуннати  эронии.. ту фарзанд ва ҷигаргушаи модари доғдори  Сурияи  ҳастӣ, ки фарзандонашро оташи ҳиқду кинаи Хоманаии ҷинояткор зинда багур карда аст.. ту бародари он хоҳаре ҳасти ки олати шаҳвати масти дадони эронӣ пардаи иффаташро дар Ироқ дарид.. ту имруз соҳиби суге ҳастӣ, ки нолааш дар Яман фарёд зада мешавад..

Ту имруз рамзи уммате ҳастӣ ки ҳиқди сафавияти Эрон ва кинаи Рус ва макри саҳюнизм ва ваҳшигарии салибият даст дар дасти ҳам дода чун гургон ва дадон ба ҷони ӯ ҳамлавар шудаанд!...

Амуҷон

Ман кудаки муҳоҷире беш нестам. Ҳамин раҳзаноне, ки онҳоро ба оғуши гармат гирифтӣ хок ва диёрамро рабуданд, маро аз меҳри падар ва модари бузург доштан ва аму ва хола ва хешовандон доштан маҳрум сохтанд

Амуҷон !....

Оғуши гарм ва самимияти ту маро сазоваор буд, на он роҳзанони  чаповулгар ва одамкушони чирадастро…

Ман маҳрум ва дард кашидаам ва метавонам таъми талхи дардҳои миллати тоҷикро эҳсос кунам!..

Ман ашки модари доғдида ва падари дармондаамро борҳо дидаам ва медонам лаҳиби зулм чиқадар сузнок аст..

Амуҷон !....

Дар ҳайратам аз ин суқути шумо дар ботлоқи золимони ситамгар..

Читур дилат омад даст дар дасти фиръавниёни замона бигзорӣ ва худат захмидаи Намруди рузгори ?!..

Амуҷон !..

Ту дарди ҳиҷратро чашидаи. Аз хона ва кошонаат туро рамидаанд. Боз намедонӣ дарди маро ва дарди миллати Ироқ ва Сурия ва Лубнон ва Яманро эҳсос кунӣ?!..

Ин чӣ сиёсат аст ва чӣ ҳукумате, ки андешеманде чун шумо натавонад он ҳама зулму ситами низоми эрониро дар ҳақи миллати Эрон ва уммати ислом бубинад?!..

Дар гузари торих, чӣ касе ба миллати Тоҷик беш аз ҳамин гургон ва дадоне, ки бо онҳо ҳам коса шудаи хиёнат карда аст?!..

Хирси Русия натавонист пас аз ҳафтод сол имони миллати мусалмони Тоҷикро бидуздад. Аммо ин роҳзанон бо гумроҳ кардани чанд ҷирахори миллати тоҷикро ду даста карда ба ҷони ҳам андохтанд.

Амуҷон !..

Агар ман ба хотири надорам шумо ки бо чашмони сар дидед чигуна Эрон ба унвон муҳраи Русия Ҳизби наҳзат ва ҷиҳоди миллати тоҷикро ба ҳукумати Намруди Тоҷикистон таслим кард.

Оё хуни шаҳидони ин ватан назди шумо мисли пашшае арзиш надорад?!

Манӣ кудак медонам, ки Эрон чигуна Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро чун хура аз дохил вайрон карда аст. Шумо ки амир ва раҳбари ин ҳизбед читур ин ҳақиқати талхро пинҳон медоред?!

Амуҷон !..

Орзу доштам битавонам ба шумо ифтихор кунам!..

Орзу доштам шуморо ҷузъе аз уммати ислом бубинам!..

Таманно доштам шуморо дар миёни лошахурон ва одамкушон набинам!..

Шуморо ба Худо савганд оё беҳтар набуд даст дар дастони Раҳмонови ҷаллод мегузоштӣ ба ҷойи даст додан ба Фиръвани замона?!

Шуморо ба Худо савганд!  оё зулму ситам ва ҷабарути "Раҳмонов"-и  ситамгар беш аз хиёнатҳои ин душманони Аллоҳ ва Расулаш ва имон ва уммат ва инсоният аст?!..

Шуморо  бузургтар аст ин ки касе бигуяд "Раҳмон" мол  сарватат бо тороҷ бурда ва инҷо ба тамъи мол ва маноле омадаи!..

Ё ин, ки гумон мебарӣ ин ҷаллоди хун ошоме, ки номуси хоҳарат ба тороҷ дода, ҷоми хуни бародаратро саркашида фарзандатро зинда багур карадааст, фадофанди кинааш дар Ироқ ва Сурия ва Яман оташи ҳиқд меборад, туро азиз ва бародараш мепиндорад?!

Амуҷон!..

Дустат дорам ва мехоҳам аз ман ва аз уммати ислом бошӣ, на аз миллати туғён ва душманони дини Аллоҳ!...

Амуҷон!..

Баргард..туро Худо, ҳамин имруз бозгард, ки шояд фардое даркор набошад..

Боз О….боз о.. ҳар ончи ҳасти боз о

Садбор гар тавба шикасти боз о.

Теъдоди боздид :
171815

Bookmark and Share              Balatarin
 
Friday 15 January 2016 09:01:55 GMT
Абуабдурахмон 
Устод баргард вагарна обруятро ин палитхои ахлибайткуш мебаранд.
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок