Рамазон меҳмони азизи хонаҳо!
Таърихи изофа : 6/7/2016 8:05:40 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Ба номи Аллоҳи бахшанда ва меҳрубон

Суннӣ Нюз: Ба истиқболи фарорасии моҳи мубораки Рамазон

Эй мӯминон! Биндоне, ки меҳмони азизе пушти дарҳо дар интизор аст! Меҳмоне, ки ҳар лаҳза буданаш сӯдафзост ва туро ба сӯйи дарҳои гушудаи биҳишт мекашонад!

Бале! На  танҳо биҳиштро бароят мегӯшояд, балки душманони “нобиноят”ро дар занҷирҳо мебандад ва душманони “биноят”ро дар зиёну зарар ғарқ мегардонад, зеро мунофиқон дарҳоро ба сӯяш намегӯшоянд ва аз омаданаш нафрат меварзанд. Бегӯмон ишон дар интизори гуноҳ ҳастанд, на ин, ки дарҳоро намегӯшоянд, балки паёмашро низ ба тамасхур мекашонанд!

Пас ту эй мӯмин, ки мунтазири ибодат ҳастӣ! Шитоб кун ва дарҳоро бигшой ва бо тамоми нерӯ ва қудрат аз ин меҳмони азиз пазироӣ кун!

Биштоб ва бо ишқу муҳаббат дарро  боз кун!

Ва бо вай муҳаббат кун ва дар сахтиҳои гармо бетоби макун!

Зеро ин сахтиҳо оташеро дар дарунат меафрӯзад, ки ҳезӯмаш гуноҳон аст!

 Ва ин гуноҳ ҳамон вазнест, ки қадамҳоятро дар тай намудани масири ҳақ батеҳ (кунд) сохтааст.

Пас хештанро сабук кун!

Бигзор то шуълаҳои дарунат чунон забона саркашанд, ки бӯйи даҳонатро ба холиқат расонад.

Ва ту чӣ донӣ аз ин азамат?

Ин ҳамон бӯйест, ки атри гуворои холиқат бошад!

Ва ин атр бӯйи даҳони “рӯзадор” ҳаст.

Пас чаро мабҳӯт нишастайи!?

Хӯшӣ сар деҳ ва гомҳои сареъ бардор!

Дигар замонаш  расидааст, то куҳе аз гуноҳонро дӯр афканӣ.

Аҷала кун ва дарро бигшой!

Аз вай пазироӣ намо, ки холиқат боз ҳам шоистагии мизбонро насибат гардонидааст!

Пас бо ҳузураш дар худ тағйир биёр!

Зеро холиқат ҳолати ҳеҷ қавмеро дигаргӯн нахоҳад кард, то замоне, ки худи он қавм ҳолаташро тағйир надиҳад!

Лаҳазотатро дар интизори хурдану нӯшидан ба ҳадар мабар!

Аз ҳар лаҳзаат манфиат бардор, ки кӣ донад бори дигар мизбони ин меҳмони азиз хоҳӣ буд, ё хайр?

Либоси риёро дӯр афкан ва аз “таҳи дил” бо “сидқу сафо” аз вай пазироӣ намо, ки дастовардашро холиқе рақам мезанад, ки аз пинҳону ошкор огоҳ аст!

Пас биштоб ба сӯйи Парвардигорат!

Ва дар ин масир ҳама василаҳои шикрро дӯр бияфкан!

Ба василае чанг зан, ки холиқат ба он арҷ гузоштааст:

Бале! Ба шафоати Қуръон ва шафоати рӯза!

Пас аҷала кун ва дарро бигшгой, ки ин меҳмони азиз ин васила бо худ дорад.

Рӯза гир ва камтарин лаҳзаатро ба ҳадар мабар!

Қуръон бихон ва бо вай унс гир, ки ҳамин “моҳи меҳмон” моҳи нузули он ҳаст!

Шабҳо бархез, ки дар он шабест, ки беҳтар аз ҳазор моҳ бошад!

Ва бидон, ки ҳар ки аз хайри ин меҳмон бебаҳра монад, воқеан, ки маҳрӯм ҳаст!

Пас арзиши ин меҳмони азизро дар нахурдан ва нанӯшидан хулоса магардон, ки холиқатро эҳтиёҷ ба он нест!

Бо иштиёқ ва қалби пур аз муҳаббат ба сӯроғаш рав ва аз ин меҳмони азиз пазироӣ намо!

Ва бидон, ки агар ин иштиёқ аз аъмоқи қалб бархоста ва бар ниёти нек гиреҳ хурда бошад, бигумон рафтанашро бо ашки дидагон истиқбол  хоҳӣ намуд!

Бале! Дар чунин ҳолатест, ки метавон умеди интизори пазироии холиқи хешро дошт.

Пазирои Худованди бахшандаи меҳрубон, ки дар сураи Фуссилат ояти 30-32 ба он ишора шудааст.

Пас бо шавқи дил аз вай пазироӣ намо, ки ин меҳмони азиз туҳфае бо худ дорад!

Туҳфае, ки барои усулаш агар ҳамаи ҳастиро сарф намоӣ, ҳанӯз ҳам кам бошад!

Пас дарро бигшой!

Боз кун ва аз ин меҳмони азиз пазироӣ намо, ки туҳфаи ин ҷаҳонро бароят овардааст, то ба он ҷавҳари инсониятатро таҷаллӣ диҳӣ ва ҷаҳони абадиятро бисозӣ!

Бале! Туҳфаи “таҷаллибахш”и ҷавҳари инсоният!

Туҳфаи тақво!

Тақвое, ки ҳар лаҳза холиқатро бо он эҳсос  медорӣ!

Ва чунин эҳсос башоратдиҳандаи пирӯзии бузург аст!

Пирӯзие, ки дар ин дунё низ бояд онро бо дигар мӯминон ҷашн гирӣ!

Ҷашни “Иди Фитр”!

Пас аҷала кун ва бо шодмонӣ дарро бигшой, ки меҳмони азиз дар интизори туст!

Бале! Меҳмони азизе!

Ва он кӣ буда метавонад?

Ба ҷуз Рамазон!

 

Муҳамммад Назир Танвир-Ҳоланд

 

Теъдоди боздид :
101562

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок