11 кушта дар як инфиҷор дар маркази Истанбул
Таърихи изофа : 6/7/2016 9:36:18 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Гузоришгари телевизиони Аларабия субҳи рӯзи сешанбе, 7 июн аз вуқуи як инфиҷор дар минтақаи Визанҷилор дар маркази шаҳри Истанбул хабар дод.

Бар ҳамин ҳол Восиб Шоҳин, устондори шаҳри Истанбул бо таъйиди ин хабар эълон кард, ки дар ин инфиҷор 11 нафар аз ҷумла 7 маъмури пулис ва 4 ғайринизомӣ кушта ва 36 нафари дигар захмӣ шуданд.

Устондори Истанбул, ки дар минтақаи Боязид бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт: “ҳоли 4 тан аз захмиҳо вахим аст”.

Тибқи ин гузориш инфиҷор замоне рух дод, ки як худрави ҳомили маъмурони пулис аз маҳал убур мекарданд.

Шоҳин афзӯд: “Инфиҷор дар минтақаи пур рафту омад ва дар масири худравҳои маъмурони пӯлиси зидди шӯриш рух дод”.

Шаҳрдори Истанбул изҳор дошт, ки омили ин инфиҷор як бамби контрол аз роҳи дӯр будааст.

Пулиси Истанбул пас аз вуқуи ҳодиса тамоми роҳҳои мунтаҳӣ ба ин минтақаро баста ва маҳали вуқуи инфиҷорро комилан ба контроли худ даровард.

Инфиҷор дар наздикии як истгоҳи метро воқеъ дар наздикии масҷиди “Сулаймония”, яке аз маконҳои таърихӣ ва тӯристӣ дар Истанбул ва дар наздикии донишгоҳи Истанбул ба вуқуъ пайваст.

То кунун ҳеҷ гуруҳ ё ташкилоте масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда нагирифтааст.

Теъдоди боздид :
137175

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок