Интиқодҳои ҷаҳонӣ аз муҷозоти сахтгиронаи мухолифин дар Тоҷикистон
Таърихи изофа : 6/8/2016 3:24:20 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Девид Кӣ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Мутаҳид дар умури озодии баён ва ақида аз аҳкоми Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи фаъолони ҳизби мамнуи Наҳзати Исломӣ барои муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон ва ҳамчунин аз гузоришҳои мабнӣ бар таҳдид ва тарси бастагон ва вакилони мудофеи аъзои боздоштшудаи ин ҳизб ибрози нигаронӣ кардааст.

Девид Кӣ хостори озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон шуда ва аз мамнӯъ карор додани Ҳизби наҳзати Исломӣ аз сӯйи мақомоти  тоҷик ибрози нигаронӣ кардааст.

Оқои Кӣ рӯзи сешанбе, 7 июн дар баёнияе гуфт: “ҳукмҳои сахтгирона алайҳи шумори зиёде аз раҳбарони мухолиф баёнгари афзоиши мудовими маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон аст. Саркуби Ҳизби Наҳзати Исломӣ тайи як соли ахир садои яке аз гуруҳҳои маъдуди мухолифин дар ин кишварро хомӯш карда ва оянда мушоракати сиёсӣ дар Тоҷикистонро ба хатар андохтааст”.

Ба гуфтаи гузоришгари вижаи Созмони Милал, мақомоти тоҷик бо истифода аз нигарониҳо дар мавриди таҳдиди тероризм ва ифротгароӣ иқдомоти худ алайҳи ин ҳизби мухолифро тавҷеҳ мекунанд, аммо ба гуфтаи ӯ “тадобири шадид ва худсарона” алайҳи раҳбарони мазҳабӣ ва мухолиф “на ин, ки қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст ва онҳоеро, ки аз гуфтумони умумӣ ба ҳошия ронда шудаанд, тундрав хоҳад кард”.

Девид Кӣ хитоб ба давлати Тоҷикистон мегӯяд: аз роҳи саркӯбии мухолифин наметавон ба субот даст ёфт. Ӯ ёдовар шуда, ки дар сафари ахири худ ба Душанбе дар моҳи март  нигарониҳои худ дар мавриди мамнӯияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ, боздошту муҳокимаи пушти дарҳои бастаи фаъолони он “ба дӯр аз чашми мардум ва муғойир бо мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар”ро бо мақомоти  тоҷик матраҳ карда буд.

Ба ақидаи ӯ ҳамапурсии ахир барои ислоҳи қонуни асосии Тоҷикистон, ки фаъолияти аҳзоби мазҳабиро мамнӯъ  ва заминаро барои ҳукумати модомулумри Имомалӣ  Раҳмон фароҳам мекунад, оядаи озодии баён ва демокросӣ дар ин кишварро ба хатар андохтааст.

Рӯзи душанбе се созмони мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ- Дидбони ҳуқуқи башар, Кумитаи Хелсикӣ ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Миёна- низ бо судури баёниияи муштарак аз аҳкоми Додгоҳи олии  Тоҷикистон алайҳи фаъолони Ҳизби Наҳзат ба шиддат интиқод карда буданд.

Дар баёнияи ин се созмон омадааст: “Давлати Иёлоти Мутаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигари байналмилалии Тоҷикистон бояд ба сароҳат хостори озодии ин афрод шаванд. Онҳо бояд Тоҷикистонро зери фишор қарор бидиҳанд, то ба таъаҳҳудоти байналмилалии худ дар заминаи эҳтиром ба озодиҳои анҷуман ва иҷтимоъ, баён ва дин содиқ бимонад ва тадобире чун масдудияти ҳисобҳои бонкӣ ва манъи раводид барои мақомоти тоҷикро дар ҳабси фаъолони сиёсӣ, шиканҷа ва мавориди дигари нақзи ҳуқуқи башар даст дорад, эъмол кунад”.

 

Фазои тарсу ваҳшат

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи паншанбе аҳкоми худ алайҳи 14 тан аз аъзои аршади Ҳизби Наҳзати ин кишварро пас аз чанд моҳи муҳокимаи пушти дарҳои баста эълон кард. Ду тан аз ин афрод, Сайидумари Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ки аз муовинони раҳбари ин ҳизб буданд, ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Ёздаҳ тани дигар аз аъзои раёсат ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба муддати тӯлонӣ (аз 14 то 28  сол) ба зиндон маҳкум шуданд. Фақат Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқӣ ва танҳо зани фаъол аз ин ҳизб барои ду сол ба зиндон маҳкум шуд.

Ҳамаи ин афрод ба ҳамдастӣ дар ноормиҳои авосити моҳи сентябр, ки мақомоти тоҷик аз он ба унвони “талоши кӯдато” аз сӯйи Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазорати дифои ин кишвар ном мебаранд, мутаҳам шуда буданд, иттиҳомоти ворида шомили ташкили гуруҳи ҷиноӣ, тероризм, таҳрики низои мазҳабӣ ва миллӣ, даъват ба сарнагунии давлат аз роҳи хушунат, ҳамли силоҳ ва ғайр мешавад.

Пас аз эълони ҳукмҳои додгоҳ, шуморе аз пайвандони маҳкумшуда барои шикоят аз ин аҳком равонаи дафтари Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Душанбе шудаанд, вале пулис аз ин иқдом онҳоро монеъ шуда ва онҳоро ба идораи пулис бурда ва ҷарима кардааст.

Гузоришгари Созмони Милал дар умури озодии баён ва ақида ин рафтори пулиси  Тоҷикистонро маҳкум намуда ва гуфтааст: “ин иқдом комилан ғайри қобили қабул аст ва фазои тарсу ваҳшатро дар кишвар тақвият медиҳад”. Мойно Киёй, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури озодии анҷуман ва иҷтимо ва Ҳинри Билфелд, гузоришгари вижа дар умури озодии дин ва эътиқод ҳам аз ин баёния пуштибонӣ кардаанд.

Пештар Иттиҳодияи Аврупо ва дафтари ниҳодҳои демокротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ бо интишори баёнияҳео аз судури аҳкоми сангин ва  сахтгиронаи Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи фаъолони Ҳизби Наҳзат ба шиддат интиқод карда ва аз мақомоти Тоҷик хоста буданд, ки ба таъаҳҳудоти байналмилалии худ дар заминаи ҳуқуқи башар содиқ бимонад.

 

Манбаъ: Бӣ Бӣ Сӣ

 

 

Теъдоди боздид :
140341

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок