Аҳкоми рӯзаи моҳи мубораки Рамазон
Таърихи изофа : 6/8/2016 12:54:09 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ нюз: Фароизи рӯза:

Парҳез аз хурдан, нӯшидан ва амали ҷинсӣ аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб ба нияти ибодат.

 

Рӯза бар кадом шахс фарз аст?

Рӯза бар ҳар мусалмони оқил ва болиғ фарз аст: албатта зан дар ҳолати одати моҳона ва нифос рӯза гирифта наметавонад ва баъдан онро қазо медорад. Зани ҳомила ва ширдеҳ агар табиби содиқ ва амине рӯза гирифтанро бар вай ва ё барои фарзандаш зарар бидонад, рӯзаро мехурад ва баъд онро қазо медорад. Ва низ беморе, ки рӯза сабаби зиёд шудани беморӣ ва ё тӯлонӣ шуданаш мешавад ва ҳамчунин калонсоле, ки рӯза ӯро ба машақати шадид меандозад, рӯзаро ифтор мекунад ва агар интизор меравад, ки дар оянда тавоно шавад, онро ба таъхир меандозад: ва илло дар ивази ҳар  рӯз ду кило гандум ва ё пули онро фидя медиҳад.

Барои мусофир рухсат аст то рӯзаро ифтор карда ва баъдан дар ватан онро қазо дорад, ҳар чанд агар замина барои рӯза гирифтан мусоид  бошад, гирифтанаш дар сафар беҳтар аст.

 

Суннатҳо ва мустаҳаботи рӯза:

Баъзе аз онҳо қарори зайл аст:

1.    Саҳарӣ хурдан ва онро дар охири шаб хурдан.

2.    Бо мутмаин шудан аз ғуруби афтоб бидуни даранг ифтор кардан.

3.    Бо хурмо ва бо ин дуо ифтор кардан: “اللهم لك صمنا وعلى رزقك أفطرنا، فتقبل منا إنك أنت السميع العليم”, (Бори Илоҳо! барои ту рӯза гирифтем ва бо рӯзии ту ифтор намудем, пас аз мо бипазир, бешак ту шунаво ва доно ҳастӣ”.

 

Он чӣ рӯзаро мешиканад ва он чӣ намешиканад

Шиканандаҳои рӯза иборат аст аз хурдану ошомидан ба таври қасд ва ё ба хато ва низ муқорабати ҷинсӣ ва ё ирзои шаҳват (берӯн овардани оби манӣ) чӣ ба василаи истимно бошад ва ё ламси ҳамсар ва ё кадом василаи дигаре.

Дар хурдану нӯшидан ба таври амдӣ ва бидуни узри шаръӣ ва муқорабат бо ҳамсар дар рӯзи Рамазон ҳам қазои он рӯз ва ҳам кафора, ҳар дуо лозим мешавад.

Кафора иборат аст аз ду моҳ пай дар пай рӯза гирифтан ва агар аз он оҷиз бувад, садақа додани таъомест, ки кифояти як рӯзи шаст мискинро карда битавонад, фарқе намекунад, ки онро ба шаст мискин бидиҳад ва ё ба як мискин ва низ пухта бидиҳад ва ё нопухта ва ё пӯли онро. Ва равост агар ба ивази  таъоми ҳар мискин ду кило гандум бидиҳад, ки маҷмӯи он 120 кило мегардад ва ё шаст даст либос барои масокин бибахшад ва ё қимати онро.

Ва агар шиканандаи рӯза ба хато сурат пазирад- масалан ҳангоми шустани даҳон нохост об дар гулуят фуру равад- дар он сурат фақат қазо дорад ва кафорае дар кор нест.

Ва агар шуканандаи рӯза дар ҳоле анҷом шавад, ки рӯза аз ёдаш рафта бошад, дар он сурат рӯзааш намешиканад, ба шарте, ки ба маҳзи ин ки ба ёдаш омад аз он худдорӣ варзад. Паёмбари Аллоҳ (с) дар инбора мефармояд: “مَنْ أَكَلَ نَاسِيًا وَهُوَ صَائِمٌ فَلْيُتِمَّ صَوْمَهُ فَإِنَّمَا أَطْعَمَهُ اللَّهُ وَسَقَاهُ» (صحیح بخاری)”, “ҳар кас ба фаромӯшӣ чизе бихурад, бояд рӯзаашро пурра кунад, зеро бешак Аллоҳ ба ӯ обу нон додааст”.

·      Агар касе аз хоб бидор шуд ва оби маниро дар либоси худ дид- чӣ хобе дида бошад ё надида бошад- рӯза аз он намешиканад ва низ агар аз асари васвасаи шайтон бидуни дахолати худи вай дар бедорӣ аз ӯ манӣ хориҷ шавад, намешиканад. Аммо агар ба феъл ва иродаи худаш хориҷ шавад, яъне аз асари истимно ва ё ламси ҳамсар ва ғайра, рӯза аз он мешиканад ва фақат қазо лозим мешавад, на кафора.

·      Истифроғи (қай) амдӣ ва ба қадри пури даҳон бошад, мешиканад ва танҳо қазо дорад ва агар худ боло омад, агар чӣ пури даҳон бошад, намешиканад ва агар амдӣ бошад, аммо камтар аз пури даҳон бошад, низ намешиканад.

·      Аз фуру бурдани балғами ҷудошуда аз сина рӯза намешиканад.

·      Агар хуни бераҳои дандон, ки бо оби даҳон ба ҳалқ фуру равад, намешиканад, магар ин, ки бештар аз оби даҳон бошад ва ё баъд аз ҳис кардани мазааш, онро фуру барад, ки дар он сурат мешиканад ва танҳо қазо дорад.

·      Агар ба фаромӯшӣ чизе бихурад ё эҳтилом шавад ва ё истифроғ намояд ва баъдан ба гумони ин, ки рӯзааш шикастааст, чизе хурад, дар чунин сурате танҳо қазо лозим аст.

·      Бо сурма ба чашм кашидан, худро чарб кардан ва  хушбӯӣ истеъмол намудан, рӯзаро намешиканад.

·      Мисвок дар рӯзу шаби Рамазон суннат аст, агар чӣ таъми он ҳис шавад, аммо аз мисвок задан бо хамираи дандон ба хотири суръати нуфузаш дар рӯз иҷтиноб шавад.

·      Агар рӯзаро аз ёд бурд ва обро ғарғара кард ва аз он миқдоре ба ҳалақаш фурӯ рафт, намешиканад (фаромӯшӣ рӯзаро намешиканад) ва агар рӯзаро ба ёд дошт мешиканад. (ин ҳамон ҳолати хатост, ки қаблан гузашт).

·      Бо фурӯ бурдани ғизои дандон намешиканад, магар ин, ки ба андозаи нахуд бирасад, ки аз он танҳо қазо лозим мегардад.

·      Бо фурӯ рафтани ғубор ва дуд дар ҳалқ рӯза намешиканад, магар ин, ки қасдан бошад, монанди истеъмоли чилим ва сигор, дар ин ҳолат мешиканад.

·      Ворид шудани об дар бадан аз бехи муй ва гӯш ҳангоми ғусл, намешиканад.

·      Ҳамсарро бӯса задан ва ламс кардан, агар муболиға нашавад ва бар худ итминон дошта бошад, ишколе надорад, ва иллоҳ макрӯҳ аст.

·      Ғусл кардан барои рӯзадор ишколе надорад ва фақат мутаваҷҷеҳ бошад, ки об дар ҳалқаш фурӯ наравад.

·      Рӯзадор дар вузӯ ё ғуслаш набояд обро ғарғара кунад, ки бими шикастани рӯзааш меравад.

·      Зан агар дар вақти рӯзе, ки рӯза дорад ба одати моҳона дӯчор шавад, дигар ба рӯзааш идома дода наметавонад ва агар ба қасди рӯза то шом чизе нахурад, гунаҳкор шуда ва ин барояш рӯза ба шумор намеравад.

·      Қазои рӯзҳои аёми одати моҳона барои занон- дар рӯзҳои дигар- фарз аст, агар чӣ чанд сол ҳам бигзарад, аммо намози он рӯзҳо қазо надорад.

·      Истифода аз дорӯҳое, ки монеи ҳайз дар Рамазон шавад, агар табиб онро музир надонад, ишколе надорд. Ҳар чанд беҳтар аст ба ҳоли худ раҳо шуда ва ҷилавгирӣ нашавад.

·      Ғусли ҷанобат агар то субҳ ба таъхир афтад, ишколе надорад.

 

 

Садақи фитр чист ва бар кадом шахс лозим аст?

Садақаи фитр иборат аз миқдори хуроке (аз гандум 2 кило ва аз кишмиш, хурмо ва ё ҷав 4 кило ё қимати он) аст, ки бар ҳар марду зане, ки аз ниёзмандиҳои аслии худ ба арзиши як  нисоби шаръӣ ҷинс ё нақд изофа дошта бошад, воҷиб аст, то аз худ ва  тифли хурдсолаш барои касе, ки мустаҳиқи закот аст, дар субҳи ид ва ё қабл аз он дар Рамазон адо мешавад.

 

Гуноҳи рӯзахурӣ

Паёмбар (с) мефармояд: “مَنْ أَفْطَرَ يَوْمًا مِنْ رَمَضَانَ مِنْ غَيْرِ عُذْرٍ وَلَا مَرَضٍ لَمْ يَقْضِهِ صِيَامُ الدَّهْرِ وَإِنْ صَامَهُ» (صحیح بخاری)”, “касе, ки як рӯз рӯзаи Рамазонро бидуни ин, ки узре дошта ва ё бемор бошад, ифтор кунад, агар тамоми умрашро рӯза бигирад, ҷуброни он рӯзаш намешавад”.

 

Нигоранда: Мавлаӣ Зиё Аҳмад Фозилӣ

Теъдоди боздид :
86072

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок