Ҷиноятҳои ҳавлноки шибҳи низомиёни шиа дар Фаллӯҷаи Ироқ
Таърихи изофа : 7/7/2016 11:06:46 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ нюз: Ба гузориши шабакаи хабаргузории Алҷазира шаҳрвандони аҳли суннат ҳангоме, ки аз шаҳри Фаллӯҷа ба минтақаҳои дигар овора шудаанд, тавассути шибҳи  низомиёни шиа дастгир ва мавриди зарбу шатм ва таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд ва шуморе аз онҳо сар бурида шудаанд ва тасовире аз ин шиканҷа ва куштор низ мунташир шудааст.

Бино гузоришҳо беш аз 1200 ғайри низомӣ тавассути шибҳи низомиёни шиа тастгир шудаанд ва дасти кам 100 тани онҳо пас аз зарбу шатм ва шиканҷаи ваҳшатнок озод шудаанд, ки вазъияти сиҳии бисёре аз онҳо вахим гузориш шудааст.

Ин ғайри низомиён гуфтаанд, ки шибҳи низомиёни шиа онҳоро ба таври фоҷеанок ва ваҳшиёна шиканҷа кардаанд ва теъдоде аз фарзандони онҳоро дар муқобили чашмонашон сар буридаанд ва бархеро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор додаанд.

Шаҳрвандони Фаллӯҷа, ки ахиран аз чанголи одамкушони ҷинояткори “ҳашди шаъбӣ”ии Ироқ наҷот ёфтаанд, рӯзҳои сахт ва ваҳшатовареро ёдоварӣ мекунанд, ки дар асорати бераҳмонаи ваҳшиҳои таърих гирифтор шуда буданд.

Шибҳи низомиёни шиаи мавриди ҳимояти режими Ирон пас аз ишғоли минтақаи Сақловия дар шимоли вилояти Фаллӯҷа ба куштори мардуми бегуноҳ ва ғорати амволи онҳо ва ҳатки номӯси онҳо рӯй оварданд ва муртакиби шанеътарин иқдомот  алайҳи онҳо шуданд.

Шаҳрвандони аҳли суннати раҳошуда аз чанголи шибҳи низомиёни шиа мегӯянд, ки шибҳи низомиён шумори зиёде аз боздоштшудагонро ба қатл расонидаад ва боқимондаро ба нӯшидани хуни кушташудаҳо маҷбӯр мекарданд.

Ҳамчунни шибҳи низомиёни шиа теъдоде аз кӯдакони аҳли суннатро дар муқобили чашмони волидайнашон сар буридаанд ва зиндониёнро маҷбур мекарданд, то дар либосҳояшон пешоб кунанд.

Гуфтанист, ки шуморе аз аъзои маҷлиси намояндагони Ироқ шибҳи низомиёни шиаи мавриди ҳимояти Иронро ба қатли кӯдакон дар шимоли Фаллӯҷа мутаҳам кардаанд.

Телевизиони Алҷазира филмеро аз ҷиноятҳои шибҳи низомиёни шиа ва ҳамчунин филме аз зиндониёни раҳошуда аз чанги шибҳи низомиёни шиаро пахш кардааст.

Ба гузориши манобеи пизишкӣ чаҳор тан аз афроде, ки тавассути шиаён мавриди шиканҷа қарор гирифта буданд, дар бемористон Аломирияи вилояти Фаллӯҷа ҷони худро аз даст додаанд.

Шибҳи низомиёни шиаи ироқӣ пас аз ишғоли шаҳраки Алкарма ва Сақловия дар наздикии вилояти Фаллӯҷа беш аз 1200 ғайри низомиро боздошт ва ба макони номаълум интиқол доданд, ки то кунун 600 тан озод шудаанд ва шуморе аз онҳо зери шиканҷа ба шаҳодат расидаанд ва аз бақия ҳанӯз гузориши дар даст нест.

Рӯзномаи Сандей Тайм дар гузорише аз ҳушдори мақомоти низомии Амрико ба давлати Ироқ мабнӣ бар ин, ки ҳамлаҳои бозпасгирии Фаллӯҷа шояд ба зуҳури нусхаи дигаре аз гуруҳи ДОИШ бианҷомад, хабар додааст.

Лозим ба ёдоварист, ки вилояти Фаллӯҷа аз ду сол боз дар контроли ДОИШ аст ва дар муҳосираи нерӯҳои давлатии Ироқ қарор дорад ва беш аз 50 ҳазор ғайри низомӣ, ки шаҳрвандони аҳли суннат ҳастанд, дар ин шаҳр гир афтодаанд ва дар хилоли ин ду сол мавриди азият ва озори доишиҳо қарор гирифтанд ва ду ҳафта қабл нерӯҳои давлатӣ ва шибҳи низомиёни шиаи ироқӣ бо пуштибонии нерӯҳои артиши Ирон ба фармондеҳии генерал Қосим Сулаймонӣ ва мушовирони низомии Амрико ва бо пуштибонии ҷангандаҳои ҳавоии амрикоӣ ҳамлаи густардаеро ба ин шаҳри суннинишин оғоз карданд ва пас аз ишғоли бархе аз манотиқ дар наздикии  вилояти Фаллӯҷа шибҳи низомиёни шиа аз ин фурсат истифода намуда, даст ба ҷинояти ҳавлноке заданд ва то кунун даргирӣ дар атрофи Фаллӯҷа ҳамчунон идома дорад ва нерӯҳои давлатӣ ва ҳамчунин ҳампаймонони он натавонистанд вориди ин шаҳр шаванд.

Теъдоди боздид :
94925

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок